Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни боронгариҳои пайдарпайи чанд рӯзи ахир дар минтақаи Краснодари Русия ба 172 нафар расидааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани селоб тақрибан 19 ҳазор нафар дороӣ ва манзилҳои худро аз даст додаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офати фоҷеабор дар манотиқи ҷанубии Русия, ба Влидимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар номаи тасаллият фиристод.

Турберн Ягланд - Дабири кулли Шӯрои Аврупо низ дар номаи худ ба Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия навиштааст, “Шӯрои Аврупо аз селоби харобиовар дар Кубан, ки ҷони садҳо нафарро рабудааст, мутаассиф мебошад ва ба пайвандони онҳо изҳори таслият мекунад”.

Бино ба маълумоти вазорати корҳои фавқулодда, дар шаҳрҳои Геленҷик, Кримск ва шаҳракҳои атроф 5 ҳазор хонаи зист зери об мондааст. Барои рафъи паёмадҳои ин офат 11 ҳазор одам, бештар аз ҳазор адад воситаҳои техникӣ, аз ҷумла 10 ҳавопаймо сафарбар шудаанд.Тақрибан 900 нафар дар маҳали ҳодиса наҷот дода ва ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд.

Владимир Силвяк - ҳамраиси гурӯҳи “Экозашита”-и Русия гуфтааст, офати минтақаи Краснодар дар натиҷаи тағйири иқлим дар сайёра рух додааст ва дар оянда имкон дорад, ки тӯфонҳои шадид низ рух диҳад ва мардуми минтақа ба тӯфонҳои шадид низ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Чунин пешомад нишон дод, ки ниҳодҳои зидахли Русия барои пешгирӣ аз чунин офатҳо дар ҳамаи минтақаҳо омода нестанд.

Вазорати корҳои фавқулоддаи Русия мегӯяд, ки барои рафъи оқибатҳоии ин офати табиӣ кишварҳои хориҷӣ омодагии худро эълон кардаанд. Аз ҷумла Озарбойҷон гуфтааст, ки корвони иборат аз 263 тонна кӯмаки башарӣ ба роҳ баромадааст.

Чун дар Русия, ба вижа дар минтақаи Краснодар муҳоҷирони кории тоҷик зиёданд, дар як сӯҳбати телефонӣ аз Хуршед Ғуломшоев - раиси ҷамъияти тоҷикони ин минтақа пурсидем, оё касе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин ҳодиса қурбон шудааст?

Хуршед Ғуломшоев: Ягон муҳоҷири тоҷик зараре надидааст. Танҳо одамоне зарар дидаанд, ки хонаҳояшон ба соҳил наздик аст. Гелеинҷик шаҳри курортӣ аст, вале дар он ҷо русзабонҳое, ки дар солҳои 1990-ум аз Тоҷикистон кӯч бастаанд, дар он ҷо зиёд зиндагӣ мекунанд. Бештар аз 100 нафар дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, бо онҳо ҳам сӯҳбат кардем. Онҳо ҳам осеб надидаанд. Ман бори аввал мебинам, ки дар тобистон тақрибан ҳар рӯз борон меборад. Ҳаво гарм аст, бо вуҷуди ин боронҳои сахт меборад. Дар шаҳри Кримск обанборе ҳаст, оби он зиёд шуда аз канораш баромадааст ва ба ҳамин ҳодиса сабаб шудааст.

Озодӣ: Муҳоҷирони тоҷик дар минтақаи Краснодар аслан бо чӣ корҳо машғуланд?

Хуршед Ғуломшоев: Муҳоҷирони тоҷик имсол хеле зиёданд, тақрибан 50 ҳазор нафар мебошанд. Аксарияти мутлақи онҳо дар сохтмонҳои олимпиада кор мекунанд. Дар сохтмонҳои шаҳри Краснодар, тақрибан дар ҳамаи сохтмонҳои соҳили Баҳри Сиёҳ муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд.
XS
SM
MD
LG