Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ ба сӯи Масчоҳи Кӯҳӣ дубора баста шуд


Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва панҷ деҳаи ноҳияи Айнӣ дар баъд аз лағзиши кӯҳпора дубора иртиботи заминиашон бо манотиқи дигари Тоҷикистон қатъ шуд.
Аббос Самиев-раҳбари идораи роҳсозии Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, лағзиши кӯҳ дар километри 26-уми роҳи Айнӣ миёни Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Рарз соати 11-и шаби 8 июл ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли ин манбаъ, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад ва хисороти ҳодиса маълум нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Масчоҳ маҳз дар ҳудуди деҳаи Рарз бар асари лағзиши кӯҳпора зери хоку гил монда, рафтуомади мошинҳоро номумкин мекунад. Моҳи июни соли гузашта низ ҳамчунин иттифоқ афтода буд. Он замон нахуствазир Оқил Оқилов ба ҷои ҳодиса омада, масъалаи эҳёи роҳро баррасӣ намуд, аммо роҳ пас аз ду моҳ боз шуд.

Ба ҳамин минвол, иртиботи сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва деҳоти Шамтичу Вешаб, Похуду Шаватки ноҳияи Айнӣ аз Душанбе қатъ шуд. Барои ба пойтахти Тоҷикистон омадан онҳо бояд маҳалли ҳодисаро пиёда убур кунанд. Ягона роҳи мошингард, ки онҳоро бо олами беруна васл мекунад, ағбаи Овчӣ аст, ки аз қаламрави Қирғизистон ба самти Хуҷанд мебарад.
XS
SM
MD
LG