Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Аннон бо Башор Асад мулоқот мекунад


Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон

Қарор аст имрӯз Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия дар Димишқ бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дидор ва гуфтугӯ кунад. Интизор меравад, ки дар ин дидор нақшаи сулҳи Аннон баррасӣ шавад. Аннон эътироф кардааст, ки ин нақшаҳо барои поён додан ба хунрезиҳои 16 моҳи ахир дар Сурия ноком будааст.

Суханони Аннон дар ҳоле садо дод, ки дар охири ҳафта киштиҳо ва чархболҳои Сурия мушакандозӣ карданд ва онро машқ барои ҳимоят аз таҷовузи хориҷӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, мухолифони давлати Сурия қаввитар мешаванд ва ҳар қадр, ки ин нооромиҳо зудтар ба поён расад, ба ҳамон андоза имкони “ҳамлаи фоҷеабор”-и нируҳои шӯришиён ба ҳукумати Сурия камтар мешавад.
XS
SM
MD
LG