Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе, 7-уми июл, се бозӣ барпо гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғайричашмдошт дар майдони худ аз тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. ССКА ”Помир”-и Душанбе бар дастаи меҳмон – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими “Далерон”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Аз чаҳор бозие, ки мебоист рӯзи якшанбе, 8-уми июл, барпо мегашт, дутоаш баргузор нашуд. Дастаи “Хуҷанд-и Хуҷанд ба бозӣ бо тими “Гвардия”-и Душанбе наомад. Дар воқеъ, Ҳамид Каримов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, баъди ду бохти паиҳам дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар аз вазифааш хориҷ шудааст. Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Иброҳимов, ки мураббии калони даста буд, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими “Хуҷанд” мебошад.

Дастаи “Кӯктош”-и Рӯдакӣ ба иллати мушкилоти молӣ муқобили рақибаш – тими “Ҳосилот”-и Фархор ба майдон набаромад. Бинобар ин бар асоси муқаррароти мусобиқот “Хуҷанд” ва “Кӯктош” бо натиҷаи техникӣ ё фаннӣ мағлуб дониста шуданд.

Ба ин тартиб дастаҳои “Гвардия” ва “Ҳосилот” ба чаҳорякфинал баромаданд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ “Гвардия” бо ғолиби ҷуфти РТСУ - “Зарафшон” ва “Ҳосилот” бо ғолиби ҷуфти “Регар-ТадАЗ” - “Истаравшан” рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашида буд. Аз ин рӯ рақиби “Парвоз” дар даври ҳаштякниҳоӣ – дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. “Истиқлол” дар чаҳорякфинал бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Вахш” бозӣ хоҳад кард.

Дар ду бозии дигари ҳаштякниҳоӣ дастаи РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе аз тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд ва дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими “Истаравшан”-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Се голи “Регар-ТадАЗ”-ро ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расонд ва хет-трик кард.

Натоиҷи бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012:

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ДАЛЕРОН» (Истаравшан) – 1:0
Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат.
Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров, 44

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) -1:2
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб.
Голҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов, 34 – Шодибек Ғаффоров, 54, Худойдод Нусратов, 72.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 2:1
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Голҳо: Абдуқаюм Қарабоев, 11, Азимҷон Юнусзода,26, аз пеналтӣ – Камолҷон Ортиқов,19, аз пеналтӣ.
Аз майдон хориҷ шуд: Раҳматулло Фузайлов (капитани ССКА «Помир”).

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – +:- (техникӣ)

РТСУ (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент- 1:3
Варзишгоҳи “Локомотив”-и Душанбе.
Голҳо: Муҳаммадов, 5 - Ҷалолиддин Маҷидов, 44, Ҷунайд, 68, Амирбек Саидов, 86.

«КӮКТОШ» (Рӯдакӣ) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор) –
-:+
(техникӣ)

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 4:1
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов (58, 66, 70), Ҷамшед Исмоилов, 38 – Улуғбек Каримов, 30.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 14-ум ва 15-уми июл баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG