Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти интизомии Суғд нерӯҳои худро барои боздошти нафари фирорӣ сафарбар кардаанд.

Ҳодисаи фирори ин маҳбус рӯзи ҷумъаи 6 – уми июл рух додааст.

Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд, вақте Бахтиёр Ғаниев ном сокини шаҳри Чкаловро таҳти нигаҳбонии милисаҳо ба бинои додгоҳи Хуҷанд ҷиҳати судуруи амри боздошташ оварданд, вай фирор кард.

Ин сокини шаҳри Чкалов барои аз по даровардани як дучархасавор дар роҳи Қайроқум бо автомобили худ боздошт шуда буд. Шахси ба автомобил бархӯрда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Дар ҳоли ҳозир алайҳи се милисаи нигаҳбон, ки натавонистанд аз фирори боздоштшуда Ғаниев ҷилавгирӣ кунанд, парванда боз шудааст.

Бино ба иттилои манобеи "Озодӣ" дар Хуҷанд, нафари фирорӣ Бахтиёр Ғаниев, собиқ корманди «Тоҷикстандарт»-и вилояти Суғд будааст. Ӯ замони масъули «Тоҷикстандарт» буданаш се корманди милисаро корд зада ва аз сӯи додгоҳ равонаи зиндон мешавад, аммо бар пояи қонуни авфи моҳи сентябри соли гузашта, озод шуда дар шаҳри Чкалов зиндагӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ба истиснои ин фарзия, ки боздоштшуда худ милисаҳоро фиреб ё латукӯб карда, фирор кардааст, фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад: «Шояд миёни милисаҳо ва фирорӣ як муомилае дар миён буд, ки бо маслиҳати пешакӣ ӯро раҳо кардаанд. Ҷинояткор ва муттаҳам новобаста аз он, ки террорист аст ё ҷинояткори давлатӣ, бояд аз сӯи милисаҳо хуб ҳимоят шавад. Бояд дастбанди оҳанӣ дошта бошад. Вагарна чӣ тавр метавонад як тан аз дасти се нафар фирор кунад?»

Хонум Воҳидова ва иддае аз сокинони Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бегоҳи рӯзи фирори Бахтиёр Ғаниев назорат дар посгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ташдид ёфт. То ба ҳол ҳар нафареро, ки аз ин шаҳр берун мешавад, дар даромадгоҳҳо тафтиш мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG