Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ генералҳои Мисрро ҳайрон кард


Қарор аст, имрӯз Додгоҳи Қонуни Асосии Миср, фармони раиси ҷумҳур дар бораи азсаргирии кори порлумонро баррасӣ кунад.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва исломгарои Миср бар рағми амри Додгоҳи Олии ин кишвар, рӯзи якшанбе фармон додааст, то замони баргузории интихобот, порлумони таҳти контроли исломгароён кори худро идома бидиҳад.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср рӯзи якшанбе фармон додааст, то порлумони таҳти назари исломгароён кори худро аз сар бигирад, агарчӣ ин порлумонро моҳе пеш низомиёни Миср пароканда карда буданд. Муҳаммад Мурсӣ, ки ҳизби исломгарои "Ихвоналмуслимин"-и ӯ аксарияти курсиҳои порлумонро соҳиб шуда буд, гуфтааст, порлумон бояд то замони баргузории интихоботи нав ба кораш идома бидиҳад.

Муҳаммади Мурсӣ
Муҳаммади Мурсӣ
Бар асоси амри раиси ҷумҳури Миср, интихоботи порлумонии нав бояд 60 рӯз баъд аз қабули Қонуни Асосӣ баргузор шавад, ки қарор аст, таҳияи он то охири ҳамин сол идома кунад. То кунун вокуниши зиёде дар робита ба ин амри Муҳаммад Мурсӣ нарасидааст. Аммо субҳи якшанбе Вилям Бурнс, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар нишасти хабарие дар шаҳри Қоҳира баъд аз мулоқоташ бо Муҳаммад Мурсӣ чунин гуфт:

“Даҳҳо миллион нафар мисриҳо аз раиси ҷумҳур Мурсӣ ва ҳукумате, ки ӯ ташкил хоҳад дод, интизор доранд, ки гомҳои заруриро барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди ҳукумати фарогире бардорад, ки тамоми адёни Миссро бипазирад, ба ҳуқуқи занону аъзои ғайримазҳабии ҷомеа эҳтиром бигузорад. Ҷомеаи байналмилал низ ҳамин интизорро хоҳад дошт.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳанӯз ба амри аз саргирии кори порлумони Миср вокунише нишон надодааст. Аммо гузориш шудааст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико моҳи сентябр дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорк бо Муҳаммад Мурсӣ дидор хоҳад кард.

Амри ғайримунтазираи раиси ҷумҳури исломгарои Миср метавонад, паёмадҳои ҷиддие дошта бошад ва ба гуфтаи таҳлилгарон, сабаби моҷаро бо генералҳои қудратманди Миср шавад.

Порлумони таҳти назари ислогароёнро маҳз генералҳои ҳоким бар Миср баъди амри Додгоҳи Олӣ пароканда карданд, зеро ба гуфтаи додгоҳ сеяки аъзои порлумон аз роҳҳои ғайриқонунӣ интихоб шудаанд. Баъди ин, ҳамчунин онҳо рӯзи 16 июн эълон карданд, ки салоҳиятҳои иҷроияи ҳукуматро дар набуди порлумон худашон иҷро мекунанд ва ҳамингуна раиси ҷумҳурро аз салоҳиятҳои зиёдаш
маҳрум намуданд. Амри шӯрои низомӣ ҳамчунин ба генералҳо ҳақ дод, ки ҷараёни таҳияи Қонуни Асосиро назорат кунанд.

Муҳаммад Мурсӣ дар даври дуввуми интихоботи рӯзҳои 16 ва 17 июн дар Миср, Аҳмад Шафиқ, охирин нахуствазири аҳди Ҳуснӣ Муборакро шикаст дод ва ба қудрат расид. Ӯ ба таври рамзӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур дар Майдони Таҳрир қасам ёд кард, ки маҳз шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар инҷо 11 феврали соли 2011, ба ҳукумати тӯлонии Ҳуснӣ Муборак хотима дод.

Фармони Муҳаммад Мурсӣ барои аз саргирии кори порлумон, ки бар рағми ҳукми Додгоҳи Олии Миср содир шудааст, метавонад бар зарари худ ӯ анҷомад, зеро метавонанд бигӯянд, ки ӯ ба ҳукми додгоҳ эҳтиром намегузорад. Баъди ин амр, Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср ҷаласаи изтирорӣ ташкил дода ва ҳамин масъаларо баррасӣ кардааст. Бино ба гузоришҳо, генералҳои мисрӣ дар ин ҷаласа, ин фармонро арзёбӣ ва паёмадҳои онро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG