Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ӯзбакистон барои исрофкории об


Донишмандони тоҷик Ӯзбакистонро барои масрафи беш аз ҳади об танқид карда ва гуфтаанд, агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, ҷанҷол барои об дар Осиёи Марказӣ авҷ хоҳад гирифт. Дар мақолае дар рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият», Зайналобудин Кобулиев, мудири Пажӯҳишгоҳи об, гидроэнергетика ва экологияи Фарҳанистони улум ва Исроил Қурбонов, мутахассиси ҳамин пажӯҳишгоҳ навиштаанд, 35 кишвари амрикоӣ лотинӣ бо аҳолии бештар аз ним миллиард нафарӣ ва 18 миллион гектар замини обӣ назар ба Ӯзбакистон 7 маротиба камтар об истифода мекунанд. Аз ҷумла дар дар Бразилия, ки хонаи 190 миллион нафар аст, барои сари ҳар нафар 12 маротиба камтар аз Ӯзбакистон об сарф мешавад. Донишмандони тоҷик гуфтаанд, як сабаби аслии исрофкории Ӯзбакистон афзоиши киштзорҳои пахтаи обталаб аст, ки солона 3 миллион тонна ҳосил медиҳанд. Тоҷикистон, ки сарчашмаи тақрибан 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказист, бинобар бунёди нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун ба мухолифати сахти Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шудааст, ки мегӯяд дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ оби кофӣ барои обёрӣ нахоҳад дошт. Давлати Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG