Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Анон бо Башшор Асад гуфтӯгу мекунад


Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар шаҳри Димишқ бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Дар ин бора Аҳмад Фавзӣ, сухангӯи Кофӣ Анон хабар дод вале ҷузъиёти сафари ӯро ошкор накард. Як рӯз пештар аз вуруди Кофӣ Анон ба Сурия, ӯ эътироф кард, ки талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ёфтани роҳҳи ҳалли сиёсӣ ва хотима додан ба хунрезиҳои рӯзафзун дар Сурия натиҷае надодаанд. Рӯзи якшанбе ҳамчунин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ҳушдор дод, ки фурсат барои наҷоти Сурия аз як “ҳамлаи фалокатбор” ба поён мерасад. Ба гуфтаи фаъолони мухолифини давлат дар Сурия аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар моҳи марти соли гузашта то кунун, 14 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG