Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Бар асари бомбгузорӣ ва ҳамлаҳо дар Афғонистон рӯзи якшанбе 7 сарбози НАТО кушта шудаанд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амнияти ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО дар як баёнияи расмӣ гуфт, шаш сарбози хориҷӣ бар асари бархӯрд ба бомби канори роҳ дар шарқи Афғонистон ҷон додаанд ва яке дигарро дар ҷануби кишвар ҷангҷӯён куштаанд. Дар маҷмӯъ нерӯҳои хориҷӣ тайи ду рӯзи гузашта дар Афғонистон 8 сарбози худро талаф додаанд. Дигар ин ки дар рӯзи якшанбе дар силсилаи ҳамлаву бобмгузориҳои ҷангӯён дар Афғонистон ҳамчунин 24 ғайринизомӣ ва маъмурони пулиси афғон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG