Пайвандҳои дастрасӣ

Либералҳо аз пирӯзӣ дар интихоботи Либия хабар доданд


Эътилофи аҳзоби либераливу дунявӣ аз пирӯзияш дар интихоботи парлумонии Либия хабар дод. Ин эътилофи зери раҳбарии нахуствазири пешин Маҳмуд Ҷибрил изҳор намуд, ки дар нахустин баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофӣ интихоботи озод номзадҳояш бештари раъйҳои интихобкунандагонро соҳиб шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки либералҳо ва рақибони онҳо, ки бештар исломгароянд, чанд курсии парлумонро ишғол хоҳад кард – натоиҷи интихобот баъд аз чанд рӯз эълон хоҳад шуд.

Бар пояи маълумоти муқаддамотӣ, рӯзи шанбе 60 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Комиссиюни марказии интихоботии Либия хабар дод, ки бар асари амалҳои хасмона дар 20 қитъаи интихоботӣ овоздиҳӣ сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG