Пайвандҳои дастрасӣ

Мардум минтақаи обхезӣ дар Кубанро тарк мекунанд


Russia--Collection of humanitarian aid for flood victims in the Krasnodar region. Moscow, an observation deck near the MSU, 8Jul2012

Russia--Collection of humanitarian aid for flood victims in the Krasnodar region. Moscow, an observation deck near the MSU, 8Jul2012

Беш аз 2700 нафар аз минтақаи офати табиӣ дар вилояти Краснодари Русия ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, бар асари обхезӣ 152 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 12 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

9 июл ба ёди қурбониёни обхезӣ ва 14 нафари дар сонеҳаи нақлиётӣ дар Украина ҷонбохта дар сартосари Русия рӯзи мотам эълон шудааст.

Дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди одамон аз обхезӣ дар вилояти Краснодари Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бештари қурбониёну осебдидагон – сокинони шаҳри Кримск мебошанд. Кормандони полис дар бораи дуздиву ғорат дар минтақаи офатзада хабар доданд.

Рӯзи якшанбе бархе аз сокинони ноҳияи Кримск ба ҷойи асноди ғайбзада ҳуҷҷатҳои нав гирифтанд. Қарор аст, ки аз рӯи душанбе пардохти ҷубронпулӣ ба осебдидагон шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG