Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон аз хатари азҳампошии Сурия ҳушдор дод


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки барои дарёфти роҳҳои ҳалли қазияи Сурия ҳарчӣ камтар вақт боқӣ мемонад ва ҳамзамон хатари азҳампошии давлати Сурия бузургтар мешавад.

Ӯ дар суханронӣ дар конфаронси кишварҳои сармоягузори Афғонистон дар Токио гуфт, ки изҳороти фиристодаи вижаи СММ дар Сурия Кофӣ Аннон дар бораи ғайримумкин шудани иҷрои тарҳи сулҳи таҳиякардааш бояд бонги изтироб барои ҳама бошад.

Хонум Клинтон гуфт, ки моҳи гузашта – хунбортарин аз шурӯи ошӯбҳо алайҳи режими раисиҷумҳур Башор Асад буд. Дарҳ амин ҳол, ба гуфтаи ӯ, мухолифини мусаллаҳ ҳарчӣ бештар ба нерӯҳои ҳукуматӣ муқовимат нишон медиҳанд.

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, ки барои шикасти режими Асад рӯзҳои башумор мондааст ва аммо ҳанӯз ҳам имкони наҷоти Сурия аз фоҷиаи бузургтар мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG