Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олланд ва Меркел дар Реймс мулоқот мекунанд


Вазорати умури хориҷии Фаронса дар бораи аз сӯи афроди ношинос тахриб шудани тақрибан 40 оромгоҳи сарбозони олмонии солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон баҳалокатрасида хабар дод. Ин ҳодиса дар оромгоҳи низомии Сент-Этьен-а-Арн, воқеъ дар шимоли Фаронса, чанд соат қабл аз мулоқоти раҳбарони Фаронсаву Олмон ба муносибати оштии ду кишвар баъд аз ду ҷанги ҷаҳонӣ, ба вуқӯъ пайваст.

Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, ки сабабҳои ин вандализми “ғайри қобили таҳаммул” тафтиш мешавад.

Имрӯз раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар тантанаҳо дар Реймс ба шарафи 50-солагии мулоқоти таърихии генерал Шарл де Голл ва садри аъзам Конрад Аденауэр ширкат хоҳанд кард. Он мулоқот таҳкурсие барои ҳамкориҳои баъдиҷангии Фаронсаву Олмон гардид.
XS
SM
MD
LG