Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди одамон аз обхезӣ дар вилояти Краснодари Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, бар асари ин офати табиӣ 150 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 12 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бештари қурбониёну осебдидагон – сокинони шаҳри Кримск мебошанд. Кормандони полис дар бораи дуздиву ғорат дар минтақаи офатзада хабар доданд. То имрӯз беш аз 30 ҳазор сокинони минтақа аз нерӯи барқ маҳруманд.

Субҳи якшанбе бархе аз сокинони ноҳияи Кримск ба ҷойи асноди ғайбзада ҳуҷҷатҳои нав гирифтанд. Қарор аст, ки аз рӯи душанбе пардохти ҷубронпулӣ ба осебдидагон шурӯъ шавад.

9 июл дар вилояти Краснодар рӯзи мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG