Пайвандҳои дастрасӣ

Аёз Мутолибов ба Озарбойҷон баргашт


Аёз Мутолибов

Аёз Мутолибов

Нахустин раисиҷумҳури Озарбойҷон баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Аёз Мутолибов баъд аз 20 соли ҳиҷрат дар Русия ба ватан баргашт. Ораз Ализода, дигар ҳамраиси ҳизб, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, раисиҷумҳури пешин дар иҳотаи муҳофизон, ки аз сӯи давлат ҷудо шудааст, ба хонааш дар канори шаҳри Боку рафт.

Бозгашти Аёз Мутолибов ба Озарбойҷон баъди он мумкин шуд, ки парлумони кишвар қонун “Дар бораи раисиҷумҳури пешин”-ро қабул кард. Бар пояи ин қонун, раҳбарони пешини Озарбойҷон аз дахлнопазирӣ бархурдоранд.

Охири моҳи гузашта Мутолибов гуфта буд, ки сиёсатро тарк мекунад.

Додситонии Озарбойҷон алайҳи раисиҷумҳури пешин барои талоши табаддулоти давлатӣ ва дар робита ба ҳаводиси 20 январи соли 1990 – ҳалокати одамони зиёд баъд аз вуруди Артиши Шӯравӣ барои саркӯбсозии эътирозҳо дар Боку парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
XS
SM
MD
LG