Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Афғонистон ба идомаи пуштибонӣ ниёз дорад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон изҳор намуд, кишвараш барои тақвият ва идомаи ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, ки баъд аз суқути режими “Толибон” шурӯъ шудааст, ба кӯмаки молиявӣ зарурат дорад. Ӯ имрӯз дар конфаронси кишварҳои сармоягузори Афғонистон дар Токио суханронӣ кард. Дар ин нишаст авзоъ дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад.

Ширкатдорони конфаронс аз тақрибан 70 кишвар ваъда доданд, ки тайи чаҳор соли оянда барои Афғонистон ҳудуди 16 миллиард доллар ҷудо хоҳанд кард. Аммо онҳо аз Кобул интизор доранд, ки ин сармояро ҳадафмандона истифода мекунад ва он киссаи мансабдоронро пур нахоҳад кард. Ҳомид Карзай дар суханронии худ ваъда супурд, ки мубориза бо фасод аз авлавиятҳои ҳукумати ӯ боқӣ хоҳад монд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти Токио изҳор намуд, ки дар сурати аз кӯмаки кофӣ бархурдор нашудани Афғонистон хатари аз байн рафтани бисёр дастовардҳои солҳои ахири кишвар мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG