Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Анон: "Дар Сурия шикаст хӯрдем..."


Кофӣ Анон гуфтааст, ки дар Сурия шикаст хӯрдаанд ва Эрон бояд ба нишастҳо даъват шавад.

Фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб барои Сурия, ба шикасти худ дар маъмурияташ дар ин кишвар иқрор кард ва хостори даъват шудани Эрон барои ширкат да нишастҳое шуд, ки ба манзури ҳалли бӯҳрони Сурия баргузор мешавад.

Кофӣ Анон дар мусоҳибае ба як рӯзномаи фаронсавӣ гуфт: “Ин бӯҳрон аз 16 моҳ пеш ҳамчунон идома дорад. Аммо фаъолиятҳои ман се моҳ пеш оғоз шуд. Талошҳои зиёде барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ва сулҳомез сурат гирифт. Рӯшан аст, ки мо муваффақ нашудем ва шояд ҳеҷ замонате барои муваффақияти мо вуҷуд надошта бошад.»

Ӯ афзуд: «Аммо оё дар пайи баррасии роҳи ҳалҳои ҷойгузин будем? Оё гузинаҳои дигареро барои музокира матраҳ кардем? Ман инҳоро ба Шӯрои Амнияти СММ гуфтам.»

Кофӣ Анон тарҳеро иборат аз шаш банд барои поён додан ба бӯҳрони Сурия ироа карда буд, ки то кунун ҳеҷ кадом аз бандҳои он иҷро нашудааст. Оташбас миёни тарафҳои даргир нахустин банди он аст, ки мавриди мувофиқати тарафҳои бӯҳрон қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, раванди хушунатҳо дар Сурия шиддат гирифт ва ҳамоно идома дорад.

Фиристодаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар идомаи мусоҳибаи худ ба аҳамияти нақши Русия, ки ҳампаймони низоми Башор Асад аст, ишора кард: «Русия соҳиби нуфузи бисёр бузурге аст, аммо ман мутмаин нестам, ки танҳо Русия масири ҳаводисро мушаххас мекунад. Эрон низ як бозигари муҳим аст ва бояд бахше аз роҳи ҳал бошад. Эрон дар Сурия дорои нуфуз аст ва набояд нодида гирифта шавад.»

Пештар Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико Эронро муттаҳам ба пуштибонӣ аз «амалиётҳои ваҳшиёна» -и низоми Башор Асад алайҳи эътирозгарон карда буд.

Анон ҳамчунин аз кишварҳое, ки ҳамеша ба Русия ба хотири мавзеъаш дар мавриди бӯҳрони Сурия ҳамла мекунанд, интиқод карда ва гуфт: “Чаро аз кишварҳое, ки аслиҳа ва пул ба Сурия мефиристанд ва дорои таъсир дар ин кишвар ҳастанд, чизе намегӯянд?»

Русия ва Чин то кунун ду қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар маҳкумияти хушунатҳои давлатӣ дар Сурияро вето кардаанд. Дар муқобил бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Қатар бар зарурати мусаллаҳсозии мухолифони Сурия таъкид мекунанд.

Кофӣ Анон дар идомаи мусоҳибаи худ гуфт: «Чин ва Русия ба ин боваранд, ки дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бӯҳрони Либия барои ҳимоят аз мардуми ин кишвар, фиреб хӯрданд. Қатъномае дар Шӯрои Амният қабул шуд ва пас аз он ба амалиёте барои сарнагунии низом табдил гашт.»
XS
SM
MD
LG