Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Тоҷикистон-2012: Натоиҷи се бозии ҳаштякниҳоӣ


Бозӣ миёни дастаҳои ССКА "Помир" ва "Вахш"-и Қӯрғонтеппа.

Бозӣ миёни дастаҳои ССКА "Помир" ва "Вахш"-и Қӯрғонтеппа.

Рӯзи 7-уми июл се бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуданд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ 12 тими Лигаи олӣ, ду дастаи ғолиби даври пешакӣ – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе, “Далерон”-и шаҳри Истаравшан ва як дастаи Лигаи якум - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок мекунанд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғайричашмдошт дар майдони худ аз “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. ССКА ”Помир”-и Душанбе бар тими меҳмон – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар “Далерон”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.


Ҷоми Тоҷикистон-2012. 1/8 финал. Бозиҳои аввал
7-уми июл, шанбе.


«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ДАЛЕРОН» (Истаравшан) – 1:0
Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат.
Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) -1:2
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб.
Голҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов –Шодибек Ғаффоров, Худойдод Нусратов.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 2:1
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Голҳо: Абдуқаюми Қарабоев,Азимҷон Юнусзода, аз пеналтӣ – Камолҷон Ортиқов, аз пеналтӣ.

Раҳматулло Фузайлов, капитани ССКА «Помир”, дар нимаи дувум аз майдон хориҷ шуд.

8-уми июл, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.30

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд).
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

РТСУ (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент).
Варзишгоҳи “Локомотив”-и Душанбе.

«КӮКТОШ» (Рӯдакӣ) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор).
Варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан).
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашид. Аз ин рӯ рақиби “Парвоз” дар даври ҳаштякниҳоӣ – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. “Истиқлол” дар чаҳорякфинал бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Вахш” бозӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG