Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихобот дар Либия бо хушунат ҳамроҳ буд


Дар 101 қитъаи интихоботии воқеъ дар Либия раъйдиҳӣ дар интихоботи умумӣ сурат нагирифт. Мақомоти интихоботии кишвар сабабҳои инро бо адами амният ва дасисаи мухолифин марбут карданд. Гуфта мешавад, ки ба чанд қитъаи интихоботӣ дар Бенғозӣ ҳамлаи мусаллаҳона ҳам сурат гирифтааст.

Нахустин интихоботи озод баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофӣ рӯзи шанбе шурӯъ шуд. Тақрибан 2 миллиону 700 ҳазор афроди соҳиби ҳаққи раъй вакилони парлумон - Маҷмааи миллиро интихоб мекунанд, ки бояд ҷойгузини Шӯрои миллии давраи гузариш шавад. Парлумон бояд ҳукумати навро ташкил ва тарҳи Қонуни асосии кишварро таҳия кунад. Барои дусад мандати парлумон беш аз се ҳазор номзад мубориза мебаранд.80 курсии парлумон дар ихтиёри аҳзоби сиёсӣ гузошта мешавад, 120 ҷойро номзадҳои мустақил ишғол хоҳанд кард.

Қабл аз интихобот сокинони шарқи Либия аз он изҳори норозигӣ мекарданд, ки дар парлумони нав барои номзадҳо аз манотиқи шарқӣ назар ба номзадҳо аз ғарби кишвар қариб ду баробар камтар курсӣ ҷудо карда шудааст.

Бори ахир интихоботи озод дар Либия беш аз 50 сол қабл баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG