Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, барои ширкат дар конфаронси кишварҳои сармоягузор ба Токио сафар кард. Дар ин нишаст, ки рӯзи якшанбе ифтитоҳ мешавад, мавзӯъи кӯмаки ғайринизомӣ ба ҳукумати Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар нишаст ҳайатҳои 70 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат кунанд. Афғонистон умедвор аст, ки кишварҳои сармоягузор барои дар ихтиёри Кобул гузоштани 4 миллиард доллар ба созиш мерасанд.

Дар арафаи нишаст Афғонистон расман мақоми ҳампаймони ИМА миёни кишварҳои хориҷ аз НАТО-ро соҳиб шуд. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА баъд аз вурудаш ба Кобул изҳорот дод.

Бори ахир соли 2004 ИМА Покистонро ҳампаймони ғайринизомии худ эълон карда буд.

Қабл аз сафар ба Токио Ҳомид Карзай ва Ҳилларӣ Клинтон гуфтушунид анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG