Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Либия вакилони парлумонро интихоб мекунанд


Дар Троблус, пойтахти Либия, дар рӯзи аввали интихоботи умумӣ ҳазорон сокинони шаҳр – мардону занон ва ҷавонону мӯйсафедон барои раъйдиҳӣ дар канори қитъаҳои интихоботӣ ҷамъ омаданд. Ба иттилои хабаргузориҳои ғарбӣ, садои сигнали мошинҳо ва нидоҳои “Оллоҳ Акбар!” ба гӯш мерасад.

Имрӯз тақрибан 2 миллион 700 ҳазор афроди соҳиби ҳаққи раъй вакилони палатаи поёни парлумони Либияро интихоб мекунанд. Ин палата бояд ҳукумати навро ташкил ва тарҳи Қонуни асосии кишварро таҳия кунад. Миёни ҳазорон довталабони узвият ба парлумон номзадҳо аз аҳзоби исломӣ бештар ба чашм мерасанд.

Дар ҳамин ҳол дар шарқи кишвар даъватҳо барои таҳрими интихобот садо медиҳанд. Рӯзи ҷумъа эътирозгарон дар Бенғозӣ аз он изҳори нирозигӣ карданд, ки дар парлумони нав барои номзадҳо аз манотиқи шарқӣ ҳамагӣ 60 ҷой ва барои номзадҳо аз ғарби кишвар беш аз 100 курсӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмӯъ Маҷмааи миллӣ, парлумони Либия, аз 200 вакил иборат хоҳад буд.

Дирӯз дар канори Бенғозӣ як чархбол бо баргаҳои раъйдиҳӣ суқут кард. Як корманди комиссиюни интихоботӣ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG