Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон расман ҳампаймони Амрико эълон шуд


Афғонистон расман мақоми ҳампаймони ИМА миёни кишварҳои берун аз НАТО-ро соҳиб шуд.

Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА баъд аз вурудаш ба Кобул изҳорот дод. Ахиран Кохи Сафед фармони Барак Обамаро дар ин бора нашр кард.

Бори ахир соли 2004 ИМА аз шумули кишварҳое, ки узви Паймони НАТО нестанд, Покистонро ҳампаймони худ эълон карда буд. То имрӯз ба ин феҳрист 15 кишвари берун аз НАТО, аз ҷумла, Австралия, Исроил, Миср ва Ҷопон шомиланд.

Мақоми ҳампаймонии Афғонистон як бахши Созиш дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон аст, ки ибтидои моҳи май зери он раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай имзо гузоштанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, мақоми нави Кобул, аз ҷумла, барои харидории тавлидоти низомии ИМА аз сӯи Афғонистон имкон фароҳам меоварад.

Ҳилларӣ Клинтон, ки ахиран бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд, имрӯз бо Ҳомид Карзай гуфтушунид мекунад. Сафари вазири умури хориҷаи ИМА ба Кобул дар арафаи конфаронси кишварҳои сармоягузори Афғонистон дар Токио сурат гирифт. Қарор аст, ки дар ин нишаст мавзӯъи ояндаи Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишвар, баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG