Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти "Бурҷӣ" барои ҳадя ба "Орзӯи гурҷӣ"


Бидзина Иванишвили

Бидзина Иванишвили

Мақомоти Гурҷистон моликияти ширкати “Бурҷи”-и мутаалиқ ба миллиардер ва сиёсатмадори мухолифи Бидзина Иванишвилиро ҳабс ва ҳисобҳои бонкии ширкатро мунҷамид карданд. Ин ширкат дар нақзи қонуни интихобот айбдор шудааст – “Бурҷӣ” ба Эътилофи Иванишвилӣ “Орзӯи гурҷӣ” 250 мошин ҳадя кард.

Моҳи гузашта низ Бидзина Иванишвили барои нақзи қонуни интихобот аз сӯи додгоҳ ба маблағи 46 миллион доллар ҷарима шуда буд - мақомоти додситонӣ миллиардерро дар тақсими ройгони даҳҳо ҳазор маҳвора ба сокинони Гурҷистон айбдор карданд.

Чанд рӯз пеш сиёсатмадори мухолифи ҳукумат изҳор намуд, ки мақомоти Гурҷистон талош доранд то аз ширкати эътилофи “Орзӯи гурҷӣ” дар интихобот ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG