Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад.

Ҳамдуллоҳ Сафаров, даҳ сол аст, ки табиби оилавӣ ё хонаводагӣ дар маҳаллаи Саноати Душанбе аст. Сиҳатии ҳудуди 1600 нафар сокинони ин маҳалла зери назорати уст. Ҷаноби Сафаров ҳам табиби кӯдакон ҳаст, ҳам табиби бузургсолон, маъсулияти ташхиси дақиқ кардани маризиҳои мухталиф ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба маризони гуногунро бар ӯҳда дорад.

Ҳарчанд Ҳамдуллоҳ Сафаров табиби кӯдакон аст, аммо пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ шаш моҳ дар курси тахасуси тибби оилавӣ таҳсил карда, соҳиби дипломи табиби оилавӣ шудааст. Аммо оё имкон дорад дар тули шаш моҳ як нафар бар изофа ҳама бахшҳои тибро омӯзад ва ҳама маризиҳоро ташхис карда тавонад?

Ҳарчанд коршиносони бахши беҳдоштӣ мутмаин нестанд, ки дар тули шаш моҳ як табиб кулли бахшҳои тибро комил омӯзад, аммо мардум бовар доранд, ки табиби оилавӣ ҳама дониши тиббиро дорад:

Дар ин замина Ҳамдуллоҳ Сафаров, сокини Душанбе, табиби хонаводагӣ гуфт, «мушкилот ҳаст. Дар бархе ҳолатҳо бо маризиҳои нофаҳмо рӯ ба рӯ мешавам. Вале чун дар пойтахт ҳастем аз мутахассисон оҷилан тавсияҳо мегирам. Дар ҳолати зарурат маризро ба бемористон мефиристам. Минтақаи Саноат зери назорати маркази саломатии шаҳрии шумораи 11-и Душанбе аст. Бояд дар ин минтақа 4 духтури оилавӣ ва 8 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ фаъол бошад. Вале бо сабаби набудани мутахасис дар ин минтақа ман ва 4 ҳамшираи тибби оилавӣ кор мекунем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдулҳафиз Азизов, сокини маҳаллаи Саноати Душанбе афзуд, «табиби оилавиамонро гоҳо даъват мекунем, гоҳо худаш хабар мегирад. Кадом вақти шабонарӯз, шаб ё рӯз бошад, духтурро даъват кунем, омодааст ва меояд ва маризро муоина мекунад. 80 дарсади сокинони маҳалла телефони духтури оилавиро доранд ва ҳар лаҳза ба хонае даъваташ мекунанд».

Табибони оилавӣ тобеъи муассисаҳои давлатии тиббӣ ҳастанд ва аз буҷаи давлат маоши моҳона мегиранд.


Ҳадафи аслии гузариш ба тибби оилавиро масъулини мақомоти маркази тибби оилавии Душанбе коҳиши хароҷоти мардум ҷиҳати ташхису табобат, боло бурдани сифати табобат ва назорати мунтазами сиҳатии сокинон мегӯянд. Кори табибони оилавӣ аз духтурони минтақавӣ ё «участковий врач»-ҳо бо он фарқ мекунад, як табиби оилавӣ кори табибони бахшҳои мухталифро анҷом медиҳанд.

Табиби оилавӣ маризиро ташхис мекунад, дар сурати зарурат ё навбатдорӣ ёрии таъҷилиро даъват мекунад ва ҷузъиёти маризиро ба онҳо гузориш медиҳад ва ё кӯмаки аввалия мерасонад. Дар ҳар сурат харҷи интиқоли маризӣ ба души наздикони нафари мариз ҳаст.

Дар Тоҷикистон ислоҳоти бахши тандурустӣ ва гузариш ба тибби хонаводагӣ сар аз соли 1998 оғоз шудааст. Бо гузашти 14 сол аз шурӯъи ин барнома ҳанӯз ҳам мушкили аслӣ дар ин бахш омода кардани мутахассиси тибби хонаводагӣ боқӣ мондааст. Феълан бар асоси барномаи тибби хонаводагӣ дар қаламрави Тоҷикистон панҷ ҳазор табиб ва корманди миёнаи тибб бозомӯзи шудаанд. Як табиби оилавӣ ба назорати сиҳатии 1500 нафар сокин, сарфи назар аз сатҳи зиндагӣ ва дороӣ масъул аст.

Аксари кулли мутахасисони бахши тибби оилавӣ бар асоси барномаҳои сармоягузории созмонҳои байналмилалӣ таълиму бозомузӣ шудаанд, ки инчунин барномаҳо дар ҳоли анҷомёбист.

Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, «то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад. Дар ин минтақаҳо раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ба ин масъала аҳамияти хос намедиҳанд. Нақшаи омода кардани табибони оилавӣ на дар ҳама шаҳру навоҳӣ вуҷуд дорад. Аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ бо ин ҳадаф сармояҳои ночиз ихтисос мешавад ё умуман ҷудо намешавад».

Мусаббӣ Абдулоева, раҳбари маркази таълими клиникии тибби хонаводагии вилояти Суғд бар ин назар аст, «Яке аз мушкилоти аслии табибони оилавӣ кам будани таҷҳизот барои фаъолият мебошад. Дигар мушкил поин будани маоши моҳонаи табибони оилавӣ аст. Дар зимн мушкили дигар пеш омадааст, ки ҷавоне, ки макотиби оливу миёнаи тиббиро хатм мекунанд, ба навоҳии дурдаст барои кор дар бахши тибби оилавӣ рафтан намехоҳанд».

Сар аз соли 2010 дар назди марказҳои вилоятии таълимию клиникии тибби хонаводагӣ 10 шӯъбаи ноҳиявии омодасозии мутахассисони ин бахши беҳдоштӣ фаъол шудааст. Дар маркази ҷумҳуриявии ва шӯъбаҳои он марказ 3 нафар табиби омӯзгор ва 21 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Хатлон 14 табиби омӯзгор ва 9 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Суғд мутаносибан 11 ва 9, дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 4 табиби омӯзгор ва 2 ҳамшираи тибби омӯзгор ба бозомӯзии табибони хонаводагӣ масъуланд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG