Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо барои эъмоли фишори сахт ба режими Сурия


Амрико, Фаронса ва Бритониё хостори эъмоли таҳримоти сахт алайҳи режими Сурия шуда ва Русияву Чинро барои монеъ шудан ба талошҳои хотима додан ба ҷанг дар Сурия башиддат интиқод карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар нишасти мавсум ба «Дӯстони Сурия» дар Порис хост, то Созмони Милал бо қабули қатъномаи махсус дар бораи гузариши сиёсии қудрат дар Сурия алайҳи раиси ҷумҳур Башшор Асад ва атрофиёни ӯ таҳримоти сахте эъмол кунад. Ӯ афзуд, Чину Русия барои монеъ шудан ба иқдомот алайҳи Башшор Асад бояд подоши ин кори худро бубинанд: "Ман аз шумо мехоҳам, бо муроҷиат ба Русия ва Чин аз онҳо на фақат бихоҳед, балки талаб кунед, ки бетарафиро бас кунанд ва аз ормонҳои қонунии мардумии Сурия ҳимоят намоянд." Дар нишасти Сурия намояндагони 100 кишвар ва даҳҳо нафар аз чеҳраҳои мухолифи давлат ҳузур доранд. Чину Русия аз ширкат дар он даст кашидаанд. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, бо Ҳилларӣ Клинтон ҳамсадо шуд ва гуфт, кишварҳое, ки алайҳи Башшор Асад таҳрим эъмол намекунанд, дониста иҷоза медиҳанд, ки қатлу куштор дар Сурия идома ёбад.
XS
SM
MD
LG