Пайвандҳои дастрасӣ

"Русия пойгоҳи 201-ро бо шароити пешина ба иҷора мегирад"


Вазири дифои Русия гуфт, умедвор аст моҳи октябр созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳ бо Тоҷикистон имзо мешавад

Дар ин бора Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия рӯзи 6-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав хабар дод ва гуфт, "мо умедворем, ки ҳамтоёни тоҷикистонии мо то моҳи октябри соли ҷорӣ омода шуда санадҳои заруриро имзо мекунанд. Ман фикр мекунам шартҳои молии ин созишнома бетағйир боқӣ мемонанд».

Ба эътиқоди вазири дифои Русия, кишвараш ба Тоҷикистон «шароити хеле хуб»-ро пешниҳод кардааст: «Худи масъалаи ҷойгир будани пойгоҳи низомӣ дар Душанбе ба Тоҷикистон даромади хуби молӣ медиҳад. Ин ҳам дар шакли сармояҳо, пардохти андоз ва фароҳам овардани ҷойҳои кори холӣ аст», гуфтааст вазир.

Ҷаноби Сердюков бо зикри ин таъкид кардааст, ки ҷониби Русия кӯмаки низомиву фаннӣ ба Тоҷикистонро чун як "бартер" баррасӣ намекунад. "Кӯмаки низомиву фаннӣ - кӯмаки низомиву фаннӣ аст, ва ҳар чизе, ки бо фаъолияти пойгоҳи мо вобаста аст, он чизи дигар аст", гуфтааст вазири рус.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар дидор бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков дар Калининград рӯзи 5-уми июл гуфт, кишвараш Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон.

пешниҳодҳои Русияро дар бобати мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ҳанӯз нахондааст, вале ба зудӣ тарҳи худро дар ин масъала пешниҳод хоҳад кард. Сердюков, зоҳиран, изҳороти ҳамтои тоҷики худро ҷиддӣ нагирифт, ки рӯзи баъдаш эълом кард, Тоҷикистон дар моҳи октябр созишномаро бо ҳамон шартҳои пешина имзо хоҳад кард.

Раисиҷумҳури вақти Русия, Дмитрий Медведев тирамоҳи соли гузашта дар сафари Душанбе бо камоли боварӣ дар мазҳари ом эълон карда буд, ки Тоҷикистон ин қарордодро дар се моҳи оянда ба имзо хоҳад расонд. Аммо акнун, агар санади дароз кардани мӯҳлати мавҷудияти пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳатто дар моҳи октябр ҳам ба имзо расад, маълум мешавад, баррасии он як сол давом кардааст.

Дар ин муддат як чиз рӯшан шуд, ки мавзеъгирии Тоҷикистон дар баҳси пойгоҳ ҳарчӣ бештар Русияро нигарон мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Душанбе дар гузашта дархостҳои Маскавро ҳамчун як ҳампаймони наздик бидуни таъхир иҷро мекард. Дар Маскав ҳам одат доштанду доранд, ки Душанбе ноилоҷ аст ва ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон бояд “носипосӣ” накунад, чун Русия онро ба қудрат расондааст. Пас дар давра чӣ чиз тағйир ёфт ва аз куҷо Тоҷикистон эътимодеро ба худ пайдо кард, ки дар муқобили Русия истодагарӣ кунад?

ДИФОЪ АЗ МАНОФЕЪ?

Як манбаи дипломатӣ дар шарҳи мавзеъгирии Тоҷикистон гуфт, ҳар кишвар, қатъи назар аз хурдӣ ё калонияш манфиатҳои худро дорад ва бояд онҳоро ҳифз кунад. Мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар Маскав, Андрей Грозин низ мегӯяд, тӯл кашидани баҳси пойгоҳ баёнгари он аст, ки ҳар ду ҷониб мехоҳад имтиёзи бештар ба даст орад. Вай меафзояд, дар ин росто рафтани Узбакистон аз Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ба суди Тоҷикистон шудааст:

Андрей Грозин, таҳлилгари рус.

Андрей Грозин, таҳлилгари рус.

«Аз як тараф Душанбе инро ба намоиш мегузорад, ки шарики ҳақиқӣ маҳз мо ҳастем ва мисли Тошканд рафтор намекунем. Аз дигар тараф, аз нигаронии Маскав, ки мабодо боз як узв аз созмон набарояд, мехоҳад имтиёз гирад. Тоҷикистон роҳи дуввумро интихоб кард. Русия ҳам манфиатдор нест, ки заъфи СПАД бармало шавад, шояд бархе шартҳоро қабул кунад.»

Баҳси Маскаву Душанбе сари пойгоҳи 201 замоне шиддат гирифт, ки маълум шуд, Русия барои пойгоҳаш дар Қирғизистон пул медиҳад, вале дар Тоҷикистон на. Он вақт аз забони коршиноси наздик ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рақами "300 миллион доллар” садо дод ва ба зудӣ матбуоти Русия ин нархро ба боди тамасхур кашид. Шояд ба ин сабаб намояндагони баландпояи ҳарду тараф масъалаи пулро рад карданд. Акнун, ду ҳафта пеш, масъалаи мӯҳлат ба миён омад, ки Тоҷикистон қарордоде на барои 49, балки 10 сол мехоҳад.

“ЧАШМ БА СӮИ НАТО”?

Муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар ин баҳс сабаби дигареро дидааст. Вай гуфт, Тоҷикистон бо баҳси пойгоҳ худро ба НАТО “ширин” мекунад ва мехоҳад, ба робитаҳои наздиктар бо Ғарб бартарӣ диҳад. Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд мумкин аст, ба хотири силоҳу муҳимот ва ёриҳои НАТО ва ҳам таҳкими марзаш бо Афғонистон, Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ғарбро муҳим донад, чаро интихобаш бояд танҳо байни ин ду тараф бошад?

Нуралишоҳ Назаров, собиқ фармондеҳи неруҳои марзбонӣ ва аз ташаббускорони хуруҷи марзбонони Русия аз Тоҷикистон мегӯяд, озодии марз аз марзбонони рус аз ҳузури пойгоҳи низомӣ комилан фарқ мекунад: «Дар ин ҷо фақат қарори сиёсӣ лозим мешавад. Қарори сиёсӣ ба ин маъност, ки стратегияи оянда тарҳрезӣ шавад. Баъзе кишварҳо то 100 соли ояндаро пешбинӣ мекунанд. Мо лоақал бояд донем, ки то 20 соли дигар чӣ кор кунем. Пойгоҳи низомиро ба Русия диҳем, Амрико, Ҳиндустон ё Эрон? Ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки бояд донем ояндаи мо чӣ мешавад ва бо кадом давлат бояд кор кунем. Ин гуна бозича шудан дар дасти қудратҳо хуб нест.»

ТИҶОРАТИ ҲАРБӢ-СИЁСӢ?

Пойгоҳҳои ҳарбии хориҷӣ дар қаламрави кишварҳои хурд омили бузурги амнияту суботи ин давлатҳо буда метавонанд. Аммо дар баъзе маврид баҳси будан ё набудани онҳо мумкин аст, карйераи сиёсии раҳбарони ин кишварҳоро барҳам занад. Бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки сарнавишти президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро пойгоҳҳои Амрико ва Русия ҳал карданд.

Нуралишо Назаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Нуралишо Назаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон низ ҳама гуна ноамниҳои бузург дафъатан ба гунае шарҳ дода мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо барканории раисиҷумҳур ва ҳукумати ӯст. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, ки Владимир Путин рӯзе то панҷ бор аз ӯ пурсидааст, ки ба пойгоҳи ҳарбии амрикоиҳо иҷоза дод ё не. Вай иқрор кард, ки он вақт рӯи мизаш пешниҳоди таъсиси пойгоҳҳои низомии кишварҳои абарқудрати дигарро низ дошт.

16-уми майи соли равон дар дидор бо Путин дар Маскав раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, байни ду кишвар масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ба таври мавриди қабули ҳарду ҷониб ҳал шаванд ва барои ин “ҳамдигарфаҳмӣ даркор аст.” Аз ин ҷо баъзе коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд масъалаи пойгоҳ ба мӯҳраи тиҷорати сиёсӣ ва тазмини қудрати Раҳмон бастагӣ пайдо кардааст.

Андрей Грозин мегӯяд, муносибати Маскав ба шахси раисиҷумҳури Тоҷикистон гармиҳои гузаштаро надорад: «Комилан бо масъулият мегӯям, ки назари ҷомиаи коршиносии Русия дар бораи Тоҷикистон аз се соли пеш ҳам фарқ дорад. Ҳам ростҳову чапҳо ва ҳам консерватору либералҳо дигар ба ин, ки агар Раҳмон аз қудрат равад, ваҳҳобиҳо сари кор меоянд, бовар надоранд. Назарашон хеле манфист. Лоббистони ин андеша дар бораи Тоҷикистон дигар сари кор нестанд. Онҳое нестанд, ки мегуфтанд: агар Раҳмон аз қудрат равад, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз мешавад. Ба ин афсонаҳо дар Маскав дигар бовар надоранд.»

ЧИН АЗ ТОРИ КӮҲ МЕФУРОЯД?

Аммо коршиносони дигар бар инанд, ки ҳимояти Маскав аз Раҳмон дар интихоботи соли 2013 нақши ҳалкунандае нахоҳад дошт, зеро ҳамаи кор дар дохили кишвар ҳал мешавад ва мақомот шеваи баргузории интихоботҳоро ба хубӣ аз худ кардаанд. Ҳамчунин ҳеҷ ниҳоде дар Русия ин ҷуръатро нахоҳад дошт, ки дар арафаи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, хостори бесуботӣ дар Тоҷикистон шавад.

Ҷаноби Грозин, ки ба доираҳои давлатии Русия наздик аст, мегӯяд, беҳтарину арзонтарин роҳ барои Маскав баровардани пойгоҳи 201 аз Тоҷикистон аст. Вай меафзояд, аз рӯи шунидаш Кремл масъалаи ташкили пойгоҳи дуюми худ дар Қирғизистонро тақрибан ҳал кардааст. Қаблан Узбакистон ҳамчун узви СПАД ба ташкили ин пойгоҳ мухолиф буд. Чунин андешаро таҳлилгари дигар Александр Крамчихин низ баён доштааст. Вале коршиноси тоҷик Амруллои Собир мегӯяд, ин баёнияҳо танҳо “хӯсаҳои иттилоотӣ”-янд.

Абдуғанӣ Абдулазимов,раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон.

Абдуғанӣ Абдулазимов,раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон.

Ин ақида ҳам ҷой дорад, ки итминони хотири Тоҷикистон дар баҳс бо Русия на НАТО ва Амрико, балки Чин аст, ки то ба ҳол иқтисодиёти ин кишварро сармоягузорӣ кардааст. Аммо Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, сарвари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, Чин ҳанӯз барои ширкат дар бозиҳои сиёсӣ ва низомӣ омода нест:

«Зеро ширкати Пекин дар ҳамин муқовимате, ки миёни Русия ва Амрико дар минтақа идома дорад, бояд харҷи бузург кунад. Пекин инро хуб медонад. Аммо дилпурӣ ва мояи эътимоди Тоҷикистон дар ин баҳс аз ин аст, ки хуб медонад дар кишвар ҳеҷ як аз абарқудратҳо ҳоло бартарияти бебаҳс ё имтиёз надорад, аз ин хотир, аз ин вазъ барои манофеи миллӣ истифода мекунад».

Ба назари таҳлилгарон, Тоҷикистон наметавонад ба НАТО ё Чин ва ҳам Русия эътимод кунад ва ҳам манофеи онҳоро нодида гирад. Дидгоҳи кулли ин соҳибназарон чунин аст, ки баҳси пойгоҳи 201 оқибат роҳи ҳалли худро дер ё зуд пайдо мекунад. Вале ин таҷрибаи муҳиме барои Тоҷикистон мешавад, ки чӣ гуна бояд аз манфиатҳои худ дифоъ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG