Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафни халабонҳои ҳавопаймои ҷангии Туркия


Дар Туркия ду халабонеро дафн карданд, ки ҳавопаймои онҳоро ду ҳафта пеш Сурия нобуд кард. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дар маросими дафн дар пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Малатя дар ҷануби Туркия ҳузур дошт, ки ҳавопаймои ҷангӣ низ аз он шаҳр бархоста буд. Ҷасади халабонҳоро рӯзи панҷшанбе аз зери баҳр пайдо карданд. Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ибрози таассуф кард, ки нерӯҳои кишвараш танҳо баъди задани ҳавопаймо фаҳмидаанд, ки он азони Туркия будааст. Суқути ҳавопаймо сабаби хашми Туркия шуд, ки баъд аз он ҳузури нерӯҳояш дар марз бо Сурияро тақвият бахшид.
XS
SM
MD
LG