Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтӯгуҳои вакилони Амрико дар Тоҷикистон


Як вакили амрикоӣ мегӯяд, дар сурати баста шудани маркази транзитии Манас дар Қирғизистон, ки нерӯҳои амрикоӣ аз он истифода мекунанд, Тоҷикистон метавонад, маҳалли муносиб барои ингуна марказ бошад. Ден Бартон, узви кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт: “Агарчӣ мо аз номи ҳукумати Амрико сӯҳбат намекунем, аммо ба эътиқоди мо метавон Тоҷикистонро ба ҳайси ҷойгузини маркази транзитии Манас баррасӣ кард, зеро замина барои он вуҷуд дорад, чун шумо ба Афғонистон бисёр наздик ҳастед. Аз ин рӯ мо вақте ба Амрико баргаштем ин масъаларо бо вазорати умури хориҷӣ дар миён мегузорем.” Қарор аст, маркази транзитии Манас дар Қирғизистон, ки нерӯҳои Амрико барои амалиётҳояшон дар Афғонистон аз он истифода мекунанд, соли 2014 баста шавад. Дени Ли Бартон, раҳбари ҳайъати сенаторони амрикоӣ, ки Душанбе қарор дорад ва бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG