Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донорҳои Афғонистон дар Токио ҷамъ меоянд


Намояндагони 70 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Токио, пойтахти Ҷопон, масъалаи кӯмакҳои моливу иқтисодӣ ба Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014-ро баррасӣ мекунанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, ки аз кишварҳои донор хоҳад хост, барои се соли аввал ба кишвараш 4 миллиард доллар кӯмак кунанд. Аммо ин кишварҳо гуфтаанд, мехоҳанд, ҳукумати Афғонистон замонат бидиҳанд, ки ин пулҳо бедуздиву фасодкорӣ сарф хоҳанд шуд. Афғонистон аз соли 2002 то кунун тақрибан 60 миллиард доллар кӯмаки молӣ гирифтааст, вале фасод дар онҷо ҳамчунон густурда боқӣ мемонад. Созмони Шаффофияти Байналмилал соли гузашта Афғонистонро дуввумин кишвари фосид дар ҷаҳон хондааст.
XS
SM
MD
LG