Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди азими Осиёи Марказӣ боз шуд


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро ифтитоҳ карданд, ки дар он 5 ҳазор нафар метавонанд, ҳамзамон намоз бигузоранд. Бунёди масҷиди “Ҳазрати Сулаймон” моҳи октябри соли 2010 шурӯъ шуда буд ва дар маросими ифтитоҳи он дар рӯзи ҷумъа Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳузур дошт. Ин масҷид ду толори бузург дорад, ки яке аз онҳо барои ибодати 1000 зан пешбинӣ шудааст. Баландтарин манораи масҷид ба 51 метр мерасад ва дар баъзе аз деворҳои он сураҳои Қуръон ҳаккокӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG