Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Думаи Русия санади ҷанҷолиеро баррасӣ мекунад


Интизор меравад, имрӯз вакилони порлумони Русия қонунеро баррасӣ кунанд, ки дар он созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ“ номида шудаанд. Як гурӯҳе аз мардум дар назди Думаи Давлатӣ алайҳи қабули ин қонун эътироз карданд, ки муаллифонаш вакилони ҳизби ҳокими Русияи Воҳид ҳастанд. Бар асоси тарҳи қонун он созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд ва ба сиёсат сару кор мегиранд, бояд аз нав бо номи “маъмури хориҷӣ” сабти ном шаванд ва корашон ҳам таҳти назорати шадид қарор бигирад. Барои риоят накардани ин қонун ҷаримаҳои бузург ва ё зиндон муқаррар шудааст. Агарчӣ дар Амрико ҳам як чунин қонун вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи мунтақидон, Русия ин санадро ба хотири саркӯби ҷомеаи маданӣ ва тазоҳуротҳои афзоянда алайҳи Владимир Путин қабул карданист.
XS
SM
MD
LG