Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Франсуа Олланд мегӯяд, Асад бояд биравад


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, рӯзи ҷумъа хостори эъмоли таҳримоти сахт алайҳи режими Сурия шуд ва гуфт, раҳбари он Башшор Асад бояд аз мақомаш биравад. Франсуа Олланд зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар шаҳри Порис гуфт, муноқиша дар Сурия ба “хатаре барои суботи байналмилалӣ” табдил шудааст. Раиси ҷумҳури Фаронса хостори афзоиши кӯмакҳои башарӣ ба Сурия шуд ва афзуд, ба мухолифони давлати Сурия кӯмакҳои бештар карда, аз ҷумла онҳоро бо васоили мухобиротӣ таъмин намоянд. Намояндагони бештар аз 100 кишвар дар нишасти “Дӯстони Сурия” ширкат доранд ба истиснои Русия ва Чин, ки монеъи аксари иқдомот алайҳи раиси ҷумҳур Башшор Асад шудаанд.
XS
SM
MD
LG