Пайвандҳои дастрасӣ

С.Фазлиддинов - тоҷири муваффақи тоҷик даргузашт


Самариддин Фазлиддинов, яке аз тоҷирони муваффақи Тоҷикистон ва муассиси ширкати «Самар» рӯзи 5 июл дар ноҳияи Восеъ аз ҷаҳон даргузашт. Самариддин Фазлиддинови 60-сола дар гузашта вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва дар солҳои навад аз нухустин тоҷироне ба ҳисоб мерафт, ки дар арсаи парвариши пахта ва коркарди он ба муваффақиятҳо даст ёфта буд. Ӯ солҳои зиёд мудири корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Восеъ буд. Самариддин Фазлиддинов ба унвони як нафар тоҷири муваффақ бо илму фарҳанг низ мустақим сару кор дошт. Ӯ соҳиби унвони доктори илм ва муассиси яке аз нахустин шабакаҳои мустақили телевизонӣ дар ноҳияи «Восеъ» бо номи «Мавҷи озод» ва низ яке аз муассисони ширкати ҳавонавардии «Самар айр» буд. Самариддин Фазлиддинов бар пояи назарсанҷиҳое, ки расонаҳо тӯли солҳои гуногун доир кардаанд, дар шумори сад чеҳраи бонуфузи Тоҷикистон шомил шудааст. Маросими хоксупории Самариддин Фазлиддинов, имрӯз 6 июл дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор доир шудааст.
XS
SM
MD
LG