Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро таъйин кард.

Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор мешаванд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ 12 тими Лигаи олӣ, ду дастаи ғолиби даври пешакӣ – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе, “Далерон”-и шаҳри Истаравшан ва як дастаи Лигаи якум - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашид. Аз ин рӯ рақиби “Парвоз” дар даври ҳаштякниҳоӣ – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. “Истиқлол” дар чаҳорякфинал бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Вахш” бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2012. 1/8 финал. Бозиҳои аввал 7-уми июл, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ДАЛЕРОН» (Истаравшан). Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Ёваронаш: Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор), Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров). Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода). Нозири бозӣ: Қурбонхӯҷа Раҳимхоҷаев (Хуҷанд).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Исматулло Мӯъминов (Хуросон), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

8-уми июл, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.30

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Сардовар: Каюмарс Сулаймонов. Ёваронаш: Хусрави Сиддиқзод, Сайёд Зайниддинов (ҳарсе аз Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

РТСУ (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Варзишгоҳи “Локомотив”-и Душанбе. Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Эркинҷон Мадибоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Рустам Убайдуллоев (Душанбе).

«КӮКТОШ» (Рӯдакӣ) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор). Варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ. Сардовар: Аъзамҷон Бӯриев. Ёваронаш: Некрӯз Умаров, Сайвалӣ Турдиев (ҳама аз Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Ҳамза Пиров (Шаҳринав).

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода. Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров). Довари эҳтиётӣ: Хайём Пиров (Шаҳринав). Нозири бозӣ: Қурбонхӯҷа Раҳимхоҷаев (Хуҷанд).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG