Пайвандҳои дастрасӣ

Либия Конгресси Миллӣ интихоб мекунад


Лавҳаи тарғиботии номзад ба Конгресси Миллии Либия

Лавҳаи тарғиботии номзад ба Конгресси Миллии Либия

Ҳукумати муваққати Либия мегӯяд, сарфи назар аз хушунат дар идораҳои интихоботии шарқи ин кишвар интихоботи охири ҳафтаи равон бидуни таъхир доир мешавад. Сӯхтор дар бинои комиссияи интихоботи шаҳри Аҷдабия баъди ҳуҷум ба комиссияи интихоботии шаҳри шарқии Бенғозӣ ба вуқӯъ пайваста, нигарониҳои амниятӣ дар арафаи интихоботро афзоиш додааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки рӯзи панҷшанбе барои аввалин бор дар давраи баъди инқилобии Либия афсарон академияи полиси ин кишварро хатм намуданд. Онҳо дар қатори дигар афсарон рӯзи шанбе амнияти овоздиҳиро бар дӯш хоҳанд гирифт. Дар Либия тахминан ду миллиону ҳафтсад ҳазор нафар дорои ҳаққи овоздиҳӣ мебошанд. Онҳо бояд дар рӯзи шанбе Конгресси Миллиро интихоб кунанд. Ин ниҳод ҳукумати нави Либияро ташкил намуда, тарҳи қонуни асосии ин кишварро матрҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG