Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯёни ал-Қоида аз Ироқ ба Сурия мегузаранд


Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷии Ироқ

Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷии Ироқ

Вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ мегӯяд, ҷангҷӯёни ал-Қоида бо ҳадафи раҳандозии ҳамлаҳо аз Ироқ ба Сурия мегузаранд:
“Мо иттилои қобили эътимод дорем, ки аъзои шабакаи террористии ал-Қоида озими Сурия шудаанд, то дар он ҷо кумаку машварат дода, ҳамлаҳои террористӣ амалӣ намоянд. Мо чандин сол ба ин тараф режими Сурияро аз ин хатар огаҳ кардаем.”
Ҳангоми суханронӣ дар Бағдод Зебарӣ дар бораи манбаи ин хабар чизе нагуфт, вале афзуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар афзоиши мизони нооромиҳову хушунат дар Сурия нақш доранд.
XS
SM
MD
LG