Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифои Тоҷикистон гуфт, кишвараш ҳанӯз лоиҳаи марбут ба пойгоҳи 201-и Русияро надидааст.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев гуфтааст, ки кишвараш то ҳол бо лоиҳаи қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ошно нашудааст. Дар ҳоле, ки Анатолий Сердюков вазири дифои Русия мегӯяд, ки ин тарҳ кайҳо ба Душанбе фиристода шуд ва хуб мебуд, "агар мақомоти Тоҷикистон як бор онро мехонданд." Дар илова ба изҳороти боло вазири дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти Душанбе лоиҳаи алоҳидаеро дар робита ба ин пойгоҳи 201 таҳия мекунанд, ки ба зудӣ дар ихтиёри Маскав қарор хоҳад гирифт.

Хабаргузориҳо менависанд, маълум нест, кадоме аз ду вазир ҳақиқатро мегӯяд ва кадоме танҳо бо пахши изҳороти дипломатӣ, мехоҳад, вақти бештарро ба даст орад.

Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков, вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Калининград ҷараён дорад, дидору гуфтугӯ анҷом доданд ва масоили ҳамкориҳои дифоӣ ва низомию фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо итминон гуфтааст, ки касе аз мақомоти кишвараш то ҳол лоиҳаи ҷониби Русия дар бораи пойгоҳи 201-ро касе нахондааст.

Ин дар ҳолест, ки манобеи Вазорати дифои Русия интизор доштанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар мулоқоти имрӯзаи Анатолий Сердюков бо Шералӣ Хайруллоев, «сарнавишти пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд».

Ду ҳафтаи ахир мақомоти баландпояи Русия бо пахши изҳороти мухталиф дар робита бо "ояндаи норӯшани" пойгоҳи низомии ин кишвар дар хоки Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин нахустин генерале буд, ки ҳафтаи гузашта гуфт, ҷараёни музокироти марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия “бо сахтӣ пеш меравад”.

Баъдан Николай Макаров, сардори Сарситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия шартҳои Тоҷикистонро барои тамдиди даҳсолаи пойгоҳ дар хоки ин кишвар “ғайри қобили қабул” номид ва мақомоти Тоҷикистонро дар он муттаҳам кард, ки баҳси атрофи пойгоҳро ба як “тиҷорати шарқӣ” табдил додаанд. Дирӯз дар изҳороти Николай Макаров гуфт, дар чунин шароит Русия аз сармоягузории пойгоҳи 201-ум худдорӣ мекунад.

Дар посух ба ин интиқодҳо, Вазорати дифои Тоҷикистон изҳороти ахири мақомоти Вазорати дифои Русияро “беназокатии сиёсӣ” номида, таъкид кардааст, ки ҷараёни музокирот “хеле хуб” идома дорад.

Душанбе бо пешниҳоди Маскав оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ба мӯҳлати 49 сол розӣ нест ва мехоҳад ин мӯҳлат дар ҳудуди 10 сол ва бо шарқи ҳатмии пардохти ҳақи иҷора муқаррар шавад.

Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст. Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бо ҳафт ҳазор сарбозаш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG