Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли сар задани муноқиша миёни Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ва рафтани Узбакистон аз СПАД дар баррасии нашрияҳои чопи Душанбе.

«Наҷот» ҳар ду изҳоротро ба маънии «манёври сиёсӣ» арзёбӣ карда ва навиштааст, ки «бо он ки дар ҳар ду маврид аз тариқи ВАО диду назарҳои зиёде гуфта шудаанд, вале як чиз аниқ аст, ин ду таҳаввул мустақим ба Тоҷикистон ва дурнамои он рабт дорад». Нашрия менависад, «фақат аз фаҳму дарки раҳбарияти Тоҷикистон вобаста аст, ки асли мақсадро чӣ гуна ташхис ва онро пайдо менамоянд, баъдан, тасмиме мегиранд, ки ба суботи ҷомеа созгор ва барои дурнамои он таъсиргузор бошад».

«Озодагон» посухеро ба суоли «Изҳороти генерали рус паёми Кремл аст?» ҷӯё шудааст. Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ дар посухи ин суол гуфтааст, ки «ин як ҳуҷуми иттилоотӣ аст. Фишор овардану тарсонидани ҷониби дигарест, ки мехоҳанд ба воситаи чунин фишор аз он истифода кунанд. Ба ин далел Комёб Ҷалилов мӯътақид аст, ки «он чӣ генерали рус дар мавриди эҳтимоли сар задани ҷанг миёни Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон мегӯяд, як таҳдид ва фишори навбатӣ аст ба ҳукумати Тоҷикистон». Парвиз Муллоҷонов, соҳибназари масоил сиёсӣ «ин изҳоротро мавқеи Кремл арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, суханони генерали рус, мазмуни умумии норозигии Кремлро дар худ дорад». Аммо ба таъкиди Мусо Асозода, дигар аз коршиноси тоҷик баёнияи Владимир Чиркин мавқеъгирии ҳукумати Кремл нест. Зеро Асозода мӯътақид аст, ки «модоме, ки мо шарики стратегӣ ҳастем ва мушкилоте, ки байни Тоҷикистону Русия вуҷуд доранд, бояд дар сари мизи музокира ҳаллу фасл шаванд».

«Азия плюс» дар ин замина зимни нашри вокуниши вазорати дифоъи Тоҷикистон, менависад, «чунин изҳоротҳо ба гумон аст, ки муносиботи созанда ва дӯстона миёни кишварҳои минтақаро густариш диҳад».

«СССР» тасмими Тошкандро «изҳороти Чиркин ва қочмаган номарди узбекӣ» номидааст. Аммо бо ин ҳам нашрия дар матлаби «Формулаи 1992» навишт, ки «аз изҳороти генерали рус дар бораи вазъи минтақа ва эълони хурӯҷи дигарбораи Узбекистон аз ОДКБ, Тоҷикистон бояд бардоште кунад». Ба таъкиди нашрия, «барои онҳое, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ҷиддӣ омӯхтаанд, ин нукта ҷои шарҳу тавзеҳ надорад: манфиатҳо ахиран ба ҳам меоянд!» Вале муаллифи матлаб ин суолро ба унвони андеша пеш меорад, ки «оё мо дар ин моҷаро манфиатеро суроғ карда метавонем?» ва мегӯяд, «Сахт бояд андлеша кард...».

«Миллат» дар робита ба берун шудани Узбакистон аз СПАД ба «интизори як таҳавувули бузург дар минтақа» таъкид кардааст. Нашрия дар матлаби «Узбакистон дубора пойгоҳи Амрикоро дар Хонаобод таъсис медиҳад» навишт, ки «Узбакистон дар соли 1999 низ аз СПАД хориҷ шуда буд. Аммо дар соли 2006 вақте, ки тазоҳуроти Андиҷонро ба хун кашид ва ҳазорон нафар кушта шуд ва муносиботаш бо Ғарб бад шуд ва пойгоҳи Амрикоро аз Хонобод хориҷ кард, дубора ба оғӯши Маскав баргашт ва бори дигар узви СПАД шуд». Ин ҳам дар ҳоле, ки «Миллат» он замон дар матлабе зери номи «Тошканд ба оғӯши Маскав бар гашт» навишт, «Узбакистон ба СПАД бар гашт, то заминаи як шантаж ва дубора аз он хориҷ шудани худро фароҳам кунад». Ҳамакнун ба таъкиди нашрия «ҳамон пешбинӣ, на фолбинӣ, баъди 6 сол муҳақақ шуд». Нашрия хулоса мекунад, ки «ҳоло бояд интизор шуд ва дид, ки вокуниши амалии Русия дар баробари ин иқдоми Узбакистон чӣ хоҳад буд».

«Нигоҳ» иқдоми ахири Узбакистонро навъе «нокомии Маскав дар минтақа» унвон карда ва дар матлаби «Бо Путин метавон ба разведка рафт?» навишт, «дар сиёсати хориҷӣ танҳо манофеъ вуҷуд дорад. Мо низ бояд аз шароите, ки дар муносиботи миёни Русиву Узбакистон ба вуҷуд омадааст, истифода барем» Чун ба навиштаи нашрия, бидуни пойгоҳи худ дар Тоҷикистон, пойии Русия аз минтақа кӯтоҳ мегардад». Ба ин далел нашрия менависад, расонида тавонистани ин паём ба Маскав манофеи Тоҷикистонро дар робита ба замон ва маблағи иҷораи пойгоҳи Русия беҳтар фароҳам хоҳад кард». Ин аст, ки муаллифи матлаб хулоса кардааст, ки «дар асл барои Путин ҷуз бо мо рафтан ба разведка чораи дигар намондааст, агар инро худи мо бидонем...»

«Фараж» ҳар ду хабар- изҳороти генерали рус ва тасмими Узбакистон барои берун шудан аз СПАД -ро бо ҳам вобаста дониста ва дар матлаби «Ҳушдори афсари рус ва гашти фили узбакӣ» навиштааст, ки Маскаву Тошканд вокуниши Душанбеи расмӣро интизоранд, ки чӣ амал нишон медиҳад». Аммо нашрия бар ин бовар аст, ки «интихоби муносибатҳои ҳамаҷониба дар тамоми самтҳо барои Тоҷикистони кучак муфид аст». Ин аст, ки нашрия меафзояд, «қадамҳои ахири раҳбарияти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвар ба оҳистагӣ аз мустақилият ва манфиатҳои хеш ҳимоят карда истодааст».

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG