Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни мухтасари истиқлоли Амрико


Президенти ИМА Барак Обама дар Қасри Сафед

Президенти ИМА Барак Обама дар Қасри Сафед

Рӯзи чоршанбе дар маросими таҷлили Рӯзи истиқлоли ИМА дар Қасри Сафед Президенти ин кишвар Барак Обама ба сарсупурдагии низомиёни Амрико баҳои баланд дод. Обама бо оилаҳои низомиён вохӯрда, як зиёфате пешкаши онҳо намуд. Вале ҳанӯз ҳам дар пайи тӯфонҳои ахир беш аз як миллион хонаводаи амрикоӣ аз таъмини барқ маҳрум буда, таҷлили Рӯзи истиқлолро ба таъхир гузоштаанд. Борону боди шадид симҳои барқ аз аёлати Кентакӣ то Оҳайо ва пойтахт шаҳри Вашингтонро қатъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG