Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди муҳофизони забони украинӣ бо полис


 Гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди парламенти Украина

Гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди парламенти Украина

Дирӯз дар назди бинои парламенти Украина фаъолони мухолифин бо полис задухӯрд намуданд. Тахминан 2000 пайрави мухолифин, ки дар гирдиҳамоии эътирозӣ ҷамъ шуда буданд, бар зидди тасвиби қонуне мебошанд, ки мақоми расмии забони русиро тақвият мебахшад. Эътирозгарон ва полис ба сӯи ҳамдигар обу гази ашковар ҳаво доданд. Собиқ раиси парламенти Украина Арсений Ятсенюк, ки ҳоло яке аз пешвоёни мухолифин аст, мегӯяд:
Мардуми Украина бар зидди диктатураи президент Янукович бархостааст. Ӯ як парламенти кисагӣ сохтааст, ки бештар на ба маҷлиси қонунгузор , балки ба ширкати саҳҳомие монанд аст, ки саҳмдори он Янукович мебошад. Ӯ кишварро моли шахсии худ мешуморад бо бар ин назар ҳастем, ки кишвар моли мардуми Украина аст. Мо аз кишвар, қонуни асосӣ ва забонамон дифоъ мекунем.”
Лоиҳаи тасдиқшуда дар бисёре аз манотиқи Украина ба забонҳои украиниву русӣ мақоми баробар медиҳад. Ба нишони эътироз аз қабули ин қонун дирӯз раиси парламенти Украина ва муовини ӯ аризаи истеъфояшонро ироа намуданд.
XS
SM
MD
LG