Пайвандҳои дастрасӣ

Шумориши дубораи овозҳо дар интихоботи Мексика


Энрике Пена Нието-довталаби пирӯз дар интихоботи президентии Мексика

Энрике Пена Нието-довталаби пирӯз дар интихоботи президентии Мексика

Ниҳоди нозири интихоботи Мексика эълон кард, ки 54,5 дар сади раъйҳои интихоботи президентии рӯзи якшанбе аз нав ҳисоб мешаванд. Рӯзи чоршанбе Эдмундо Ҷакобо намоядаи баландпояи Интститути федералии интихоботи Мексика ин хабарро пахш намуд. Як рӯз пеш аз он номзади чапгаро Андрес Мануэл Лопез Обрадор, ки дар интихобот ҷои дуюмро ишғол намудааст, тақозо кард, ки тамоми варақаҳои раъй аз нав ҳисоб шавад. Ӯ иддао дорад, ки дар овоздиҳӣ тақаллуб ҷой доштааст. Мансабдорони ниҳоди нозири интихобот мегӯянд, ҳисоби дубораи овозҳо эҳтимол ба натиҷаи ниҳоии он таъсире нагузорад. Дар интихоботи рӯзи якшанбе Энрике Пена Нието бо 38 дар сади овозҳо президенти Мексика интихоб шуд. Рақиби ӯ Лопез Обрадор каме беш аз 31 дар сади раъйҳои овоздиҳандагони Мексикаро касб намудааст.
XS
SM
MD
LG