Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари маҳрум аз ду пой дар олимпиада медавад


Оскар Писториус
Оскар Писториус
Варзишгари маҳрум аз ду пой-Оскар Писториус аз номи Африқои Ҷанубӣ дар бозиҳои олимпии тобистони соли равон сабқат хоҳад кард. Писториуси 25-сола дар айёми хурдсолӣ аз зону поён аз ду пой маҳрум шудааст. Ӯ бо пойҳои сунъӣ дар сабқат ба масофаи 400 метр ва эстафета ба масофаи 400 метр ширкат меварзад.
Дар соли 2008-ум Додгоҳи Ҳакамии Варзишӣ ҳукм баровард, ки пойҳои сунъии Писториус ҳеҷ имтиёзи иловагие надоранд ва ӯ метавонад дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзад.
Писториус қаҳрамони секаратаи бозиҳои паралимпӣ ё худ бозиҳои олимпии варзишгарони маъйуб аст.
XS
SM
MD
LG