Пайвандҳои дастрасӣ

Парламенти Руминия бар зидди президент бархостааст


 Трайан Басеску-президенти Руминия

Трайан Басеску-президенти Руминия

Эътилофи ҳокими Руминия саъй дорад, президенти ин кишвар Трайан Басескуро аз сари қудрат дур кунад. Як рӯз пеш вакилони эътилофи ҳоким раисони парламентро ба истеъфо фиристода, салоҳияти додрасҳои олиро коҳиш доданд. Вакилон аз се ҳизби Иттиҳоди Иҷтимоии Либералӣ даъват кардаанд, ки рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа ҷаласаи хоси парламент бо ҳадафи барканор намудани президенти марказу ростсгаро-Басеску барпо шавад.
Ҳукумати зери раҳбарии сарвазири чапгаро Виктор Понта ба Додгоҳи Конститутсионии Руминия дастур додааст, ки аз арзёбии қарорҳои парламент даст кашад. Ба ин васила аксарияти вакилони парламент ҳаққи барканор намудани президент Басескуро ба даст меоранд. Иттиҳодия Аврупо ва ИМА аз сарнавишти демократия дар Руминия нигаронанд. Агар барканории Басескуро парламент дастгирӣ кунад, дар давоми 30 рӯзи оянда бояд назархоҳии умумимардумӣ ин қарорро тасдиқ ва ё рад кунад.
Дар моҳи майи соли 2007-ум собиқ коммунистони зери раҳбарии Понта ҳамин гуна салоҳиятҳои Басескуро мутаваққиф карда буданд, вале мардум дар референдум аз Басеску пуштибонӣ намуда, салоҳиятҳои ӯро барқарор кард.
XS
SM
MD
LG