Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон Обамаро бо Рӯзи истиқлоли ИМА табрик кард


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор намуд, ки кишвараш барои тавсеъаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо ИМА омода аст ва барои ин аз ҳама имкону захираҳо истифода хоҳад кард.

Дар як барқия унвони раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба шарафи Рӯзи истиқлоли ИМА, ҷаноби Раҳмон навиштааст, ки “Тоҷикистон чун пештара ҷонибдори рушди Амрико ва рушду таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишвари Шумост”.

4 июл ИМА 236-умин Рӯзи истиқлоли худро таҷлил мекунад.

Амрико аз кишварҳои аслии ироакунандаи ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Соли 2011 ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 59,4 миллион доллар ёрии башарӣ фиристод, ки тақрибан 71 дар сади ҳаҷми умумии ёрии ба кишвар расидаро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG