Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳодисаи гаравгонгирӣ дар Карлсруэ 5 кас ҷон бохтанд


Дар як ҳодисаи гаравгонгирӣ дар шаҳри Карлсруэ, воқеъ дар ҷануби Олмон, панҷ нафар, аз ҷумла, худи ҷинояткор кушта шуданд.

Як марди мусаллаҳ субҳи имрӯз дар як бинои истиқоматӣ чанд нафарро гаравгон гирифт. Ин мард бояд бо қарори додгоҳ манзилаш дар ин биноро тарк мекард. Аммо ӯ аз иҷрои қарори додгоҳ сарпечӣ кард ва аз манзилаш ба тирандозӣ шурӯъ намуд.

Кормандони полис ба манзил ҳамла карданд ва он ҷо ҷасади чаҳор гаравгону ҷинояткорро пайдо намуданд. Ҳадс зада мешавад, ки ҷинояткор даст ба худкӯшӣ задааст.
XS
SM
MD
LG