Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 нафар дар таркише дар Зубайдия


Таркиш дар бозори шаҳри Зубайдияи Ироқ мунҷар ба ҳалокати дасти кам 8 нафар шуд. Дар ин ҳодиса беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои полис, дар бозор мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шудааст.

Рӯзи сешанбе ҳамин гуна ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Дивания ба вуқӯъ пайваста буд. Бар асари ҳамлаҳои рӯзи гузашта дар Ироқ дасти кам 40 нафар кушта шуда, тақрибан сад кас ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG