Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи нусхаи харитаи нодир бо номи "Амрико" дар Олмон


Дар Олмон нусхаи нодири харитаи асри 16 ошкор гардид, ки дар он бори аввал номи қитъаи аз сӯи аврупоиҳо кашфшуда чун “Амрико” сабт шудааст. Аз ин пеш ҳамагӣ чаҳор нусха аз ин гуна харитаҳои Мартин Валдземюллер пайдо шуда буд.

Нусхаи панҷумро донишмандони донишгоҳи шаҳри Мюнхен аз байни саҳифаҳои як китоби қарни 19 ёфтанд. Ин харита бо ранги сиёҳ дар як варақи зардшуда тасвир шудааст.

Донишмандони олмонӣ гуфтанд, ки нусхаи электронии харитаи нодирро рӯзи 4 июл, рӯзи истиқлоли ИМА, дар интернет ҷой медиҳанд.

Дар китобхонаи Конгресси Амрико дар Вошингтон як нусхаи харитаи Валдземюллер маҳфуз аст, ки онро садри аъзами Олмон Ангела Меркел соли 2007, ба шарафи 500 солагии номгузории Амрико, тақдим карда буд.
XS
SM
MD
LG