Пайвандҳои дастрасӣ

Асад Туркияро дар пуштибонии “террористҳо" айбдор кард


Башор Ассад

Башор Ассад

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад Туркияро дар пуштибонии “террористҳои мустақар дар Сурия” айбдор кард ва аз Анқара талаб намуд, ки ба умури дохилии кишвараш дахолат накунад.

Дар сӯҳбат бо расонаҳои Туркия ӯ гуфтааст, ки Анқара ба террористҳое, ки шаҳрвандони Сурияро мекушанд, кӯмак мекунад. Аз ин пеш дар ҳамин гуна сӯҳбат бо хабарнигори турк ӯ аз нобудсозии ҳавопаймои ҷангии Туркия аз сӯи нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Сурия изҳори таассуф карда буд. Димишқ мегӯяд, ки ин ҳавопаймо вориди ҳарими ҳавоии кишвар шуда буд.

Равобити миёни Сурия ва Туркия, ки қаблан ҳампаймонҳои наздик буданд, моҳҳои ахир ба сардӣ гароид. Анқара чанд бор аз Башор Асад даъват кард, ки мақомашро тарк намояд. Ҳамзамон Туркия кӯмакаш ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Сурияро қатъӣ рад мекунад.
XS
SM
MD
LG