Пайвандҳои дастрасӣ

Литвин аз мақоми раиси Верховная Рада истеъфо дод


Раиси парлумони Украина Владимир Литвин ба нишони норозигӣ бо қабули тарҳи қонун дар бораи мақоми забони русӣ истеъфо дод.

Ба гуфтаи Литвин, ин тарҳи қонун барои баррасӣ ҳанӯз омода набуд, Раиси Верховная Рада аз он ҳам нороҳат аст, ки раъйдиҳӣ дар ғайби ӯ сурат гирифт. Муовини раиси парлумон Николай Томенко аз Эътилофи Юлия Тимошенко ҳам эълом дошт, ки ба истеъфо меравад.

Дар маркази Киев садҳо нафар ҷамъ омада, алайҳи пазируфта шудани тарҳи қонун дар бораи мақоми забони русӣ эътироз мекунанд. Дирӯз миёни эътирозгарон ва кормандони ҳифзи тартибот бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Бар пояи қонуни нав, дар тақрибан нисфи вилоятҳои Украина забони русӣ мақоми расмиро соҳиб хоҳад шуд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, гап сари 13 вилояти воқеъ дар шарқ ва ҷануби кишвар меравад, ки дар он ҷойҳо асосан ҷонибдорони Ҳизби манотиқи раисиҷумҳур Виктор Янукович ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG