Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Вардак 5 низомии НАТО маҷрӯҳ шуданд


Дар Афғонистон бар асари ҳамлаи як марди мусаллаҳ панҷ сарбози НАТО маҷрӯҳ шуданд. Марди либоси артиши афғон дар тан дар канори пойгоҳи низомии вилояти Вардак сӯи хориҷиён оташ кушод. Дар ин пойгоҳ ҳам низомиёни НАТО ва ҳам низомиёни афғон мустақаранд.

Сарбозони ҷароҳатбардошта ба бемористон интиқол ёфтанд. Тафтиши сабабҳои ин ҳамла шурӯъ шудааст.

Аз аввали сол бар асари ҳамин гуна ҳамлаҳо дар Афғонистон 26 низомии хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG